TSK

TSK · John 5:37

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Ҳанӯз вай суханашро тамом накарда, абри тобоне пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва аз даруни он овозе шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам. Ӯро гӯш кунед».

John 6:27 TSK

На барои хӯроки нестшаванда, балки барои хӯроке, ки то ҳаёти абадӣ мемонад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Фарзанди Инсон ба шумо медиҳад, чунки Худо-Падар ба иҷрои ин кор ба Ӯ розигиашро додааст».

John 14:9 TSK

Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ин қадар ҳамроҳи шумо будам ва ту, Филиппус, Маро то ҳол намешиносӣ? Ҳар кӣ Маро дида бошад, Падарро дидааст. Пас чӣ гуна ту „Падарро ба мо нишон деҳ“ мегӯӣ?

¶ Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем.

Агар касе мегӯяд, ки ӯ Худоро дӯст медорад, аммо бародарашро бад мебинад, дурӯғгӯй аст. Зеро агар мо бародаронро бад бинем, дар ҳоле ки чашмамон онҳоро мебинанд, пас Худоро, ки чашмамон намебинад, дӯст дошта наметавонем.