TSK

TSK · John 6:45

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.

Mark 1:2 TSK

Дар китоби Ишаъё пайғамбар суханони Худо омадаанд: «Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, то ба омаданат роҳ тайёр кунад.

¶ Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад.

John 6:37 TSK

Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд.

Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд.

¶ Оид ба хусуси бародардӯстӣ ҳоҷат ба сухан нест, чунки худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред.