Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори девҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд.
TSK
TSK · John 7:12
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада метарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар ҳисоб мекарданд.
Шахси нек аз хазинаи неки дилаш некиро ва шахси бад аз хазинаи бади дилаш бадиро берун меорад, зеро он чи дилашро пур мекунад, баъд лабрез шуда, аз забонаш берун меояд.
Исо аз ӯ пурсид: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худои ягона нек нест.
¶ 50–51 Як марди бо номи Юсуф аз шаҳри Аромоти яҳуднишин буд, ки фаро расидани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид. Ӯ шахси хубу накӯкор буд ва гарчанд аъзои шӯро бошад ҳам, бо кору қарори баровардаи шӯро розӣ набуд.
¶ Баъзе аз сокинони Ерусалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд?
¶ Баъзе аз мардум суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин одам дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки мо мунтазираш будем!»
Онҳо ҷавоб доданд: «Ту худат-ку аз Ҷалил нестӣ? Навиштаҷотро биомӯз ва мебинӣ, ки аз Ҷалил пайғамбар баромада наметавонад». [
¶ Аз сабаби ин суханон дар байни мардум бори дигар низоъ ба вуҷуд омад.