¶ Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.
TSK
TSK · John 7:28
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Зеро имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Таъиншудаи Худо ва Худованд аст.
¶ Ӯ бо падару модараш ба Носира баргашт ва аз гуфтаи онҳо берун намебаромад. Марям бошад, ҳамаи инро дар дили худ нигоҳ медошт.
«Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» — гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».
Вале ҳар кас ки шоҳидии Ӯро қабул мекунад, бо ин тасдиқ мекунад, ки Худо ҳамеша ҳақ аст.
Ман назди шумо аз номи Падари худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед.
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳатто агар Ман аз номи худам шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман боэътибор аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, вале шумо инро намедонед.
Бинобар ин онҳо пурсиданд: «Падари Ту куҷост?» «Шумо на Маро ва на Падарамро мешиносед, — ҷавоб дод Исо. — Агар шумо Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».
¶ Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст.
чӣ тавр шумо суханони Маро, ки „Ман Писари Худо ҳастам“ гуфтам, кофирона мегӯед? Ба Ман, ба он касе мегӯед, ки Падар ҷудо карда, ба ҷаҳон фиристодааст?!
Магар бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст? Суханонеро, ки Ман ба шумо мегӯям, аз худам намегӯям. Падарам, ки дар Ман аст, корҳои худро иҷро мекунад.
Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд.
Эй Падари одил, ҷаҳон Туро нашинохт, вале Ман Туро мешиносам ва онҳо медонанд, ки Ту Маро фиристодаӣ.
¶ Агар мо ба фармонҳои Худо итоат кунем, он гоҳ боварӣ дошта метавонем, ки Ӯро ба ростӣ шинохтаем.