Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
TSK
TSK · John 8:42
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Ман назди шумо аз номи Падари худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед.
чунки Ман аз худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки Маро фиристодааст, чӣ гуфтану чӣ нақл карданамро фармон додааст.
Касе, ки аз Ман нафрат мекунад, аз Падари Ман низ нафрат дорад.
Зеро он каломеро, ки Ту ба Ман додӣ, Ман ба онҳо расондам ва онҳо қабул карда, дар ҳақиқат фаҳмиданд, ки Ман аз назди Ту омадаам ва боварӣ доранд, ки Ту Маро фиристодаӣ.
Муҳаббати Худо ба мо ин тавр намоён шудааст, ки Ӯ Писари ягонаи худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёти абадӣ ба даст оварем.
¶ Ҳар касе, ки ба Таъиншудаи Худо будани Исо бовар мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст ва ҳар кӣ падарро дӯст дорад, фарзандашро низ дӯст медорад.