TSK

TSK · Mark 2:17

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ 10–11 Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Эҳтиёт бошед, ки ҳатто бо яке аз пайравони хурдтаринам хунукназарона рафтор накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои нигаҳбони онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур дошта метавонанд.

Luke 15:7 TSK

Ба шумо мегӯям, дар осмон барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, хурсандии зиёдтаре мешавад, назар ба он наваду нӯҳ накӯкоре, ки ба тавба ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд.

Вай бошад, ба падараш чунин ҷавоб дод: „Чандин сол аст, ки ман ба шумо хизмат мекунам ва ҳеҷ вақт аз гуфтаатон берун набаромадаам, шумо бошед, ягон бор ба ман ҳатто бузғолачаеро ҳам надодед, ки бо дӯстонам хурсандӣ карда тавонам.

Зеро Фарзанди Инсон барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».

John 9:40 TSK

¶ Баъзе фарисиёне, ки назди Ӯ истода буданд, ин суханонро шунида ба Ӯ гуфтанд: «Шумо моро-ку кӯр намешуморед?»