чанд нафаре ба наздаш шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Исо то чӣ андоза эътиқод доштани онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шудаанд».
TSK
TSK · Mark 2:5
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?“
Исо имони онҳоро дида, ба он шал гуфт: «Дӯстам! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».
Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод. Рав ва дар амон бош».
¶ Пас аз он Исо ӯро дар Хонаи Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ба чизи бадтаре дучор нашавӣ».
Инчунин дар назди Худо-Падари мо имон ва муҳаббату умеди шуморо ба ёд меорем. Яъне корҳои шуморо, ки бо имон содир кардед, меҳнатеро, ки бо муҳаббат мекунед, умедеро, ки ба Худованд Исои Масеҳ доред ва онро нигоҳ медоред.
Он гоҳ дуои боимон беморро шифо мебахшад ва Худованд ӯро аз бистари беморӣ мехезонад. Агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳаш бахшида мешавад.