TSK

TSK · Mark 9:31

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш кушоду равшан мегуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бисёр азоб мекашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.

Айнан чӣ тавре ки Фарзанди Инсон на барои он омадааст, ки касе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигарон хизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонашро фидо кунад».

«Чунон ки медонед, баъд аз ду рӯз ҷашнгирии рӯзи Балогардон сар мешавад. Он вақт Фарзанди Инсон ба дасти душманонаш таслим карда мешаваду Ӯро ба салиб мехкӯб мекунанд».

Mark 9:12 TSK

¶ Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал Илёс омада, ҳама чизро барқарор мекунад. Вале Фарзанди Инсон, чунон ки дар борааш навишта шудааст, азоб кашида, хору зор мегардад.

¶ Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад.

Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳоеро, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мӯсо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».

John 3:14 TSK

¶ Чӣ тавре ки Мӯсо дар биёбон морро боло бардошта буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон ҳам бояд боло бардошта шавад,