¶ Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки имконияти аз они подшоҳии Худо будан аз шумо гирифта мешавад ва ба халқҳое дода мешавад, ки хости Худоро иҷро мекунанд.
TSK
TSK · Matthew 13:12
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Суханони мешунидаатонро бо диққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу шумо баркашед, бо ҳамон санги тарозу ва ҳатто зиёдтар аз он ба шумо баркашида мешавад.
Пас, аҳамият диҳед, ки суханони Маро чӣ хел гӯш мекунед, зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз зиёд дода мешавад, аммо аз он касе, ки надорад, ҳатто он чизе, ки ба гумони худ дорад, аз вай кашида гирифта мешавад».
Вале фақат як чиз лозим аст. Марям қисми хуберо интихоб намудааст ва онро аз ӯ ҳеҷ кас гирифта наметавонад».
Хоҷааш вайро ҷеғ зада гуфт: „Ман дар бораи ту чиҳо мешунавам? Ба ман ҳисобот деҳ, ки чӣ корҳо кардаӣ, чунки дигар назоратчии ман шуда наметавонӣ“.
Баъд ба онҳое, ки дар наздаш буданд, фармон дод: „Аз дасташ тангаи тиллоро гирифта, ба хизматгоре диҳед, ки даҳ танга дорад“.