Айнан ҳамин тавр намуди зоҳири шумо низ дар назари одамон ба накӯкорон монанд аст, аммо дарунатон пур аз дурӯягиву гуноҳ мебошад.
TSK
TSK · James 3:17
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ Дар ин миён ҳазор-ҳазор одамон ҷамъ омада, якдигарро тела медоданд ва Исо аввал ба шогирдони худ муроҷиат карда гуфт: «Худро аз хамиртуруши фарисиён, ки дурӯягӣ аст, эҳтиёт кунед.
¶ Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.
¶ Аммо агар ба шумо хирад камӣ кунад, метавонед аз Худо онро талаб кунед ва Ӯ, ки ба ҳама бо дасти кушод ва бе таънаву миннат медиҳад, ба шумо низ хирад мебахшад.
Пас, магар дар байнатон рӯйбинӣ нест ва оё шумо аз рӯйи фикрҳои бад ҳукм намекунед?
Ба Худо наздик шавед ва Ӯ низ ба шумо наздик мешавад. Шумо, эй гунаҳкорон, дастонатонро аз гуноҳ пок созеду шумо, эй дудилагон, дилҳоятонро тоза кунед.
Фарзандони азиз, биёед мо на бо забону сухан, балки дар амал ва ростӣ муҳаббатро нишон диҳем.