Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд?
TSK
TSK · John 1:45
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Ёқуб, Юшо, Яҳудо ва Шимъӯн ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Пас Ӯро рад карданд.
Юсуф низ аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил воқеъ гаштааст, ба сарзамини Яҳудия сафар кард. Азбаски ӯ аз авлоди шоҳ Довуд буд, бояд номаш дар шаҳри Байт-Лаҳм, ки ҷои таваллуди Довуд аст, ба қайд гирифта мешуд.
¶ Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?»
Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мӯсо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда ҳар як ҷои навиштаҷотро, ки дар борааш чизе гуфта шуда буд, ба онҳо фаҳмонд.
«Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» — гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».
Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам“ гуфта метавонад?»
Исо боз аз онҳо пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» «Исои Носириро», — гуфтанд онҳо.
Шимъӯни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қанои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ — ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд.