TSK

TSK · John 2:11

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع
John 1:17 TSK

Худо шариатро ба воситаи Мӯсо додааст, вале файзу ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.

John 2:23 TSK

¶ Дар он рӯзҳои иди Балогардон, ки Исо дар Ерусалим буд, мардуми бисёре мӯъҷизаҳои Ӯро дида ба Ӯ имон оварданд.

John 4:46 TSK

¶ Исо боз ба Қанои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар Кафарнаҳум писари як амалдори дарбор бемор буд.

John 6:2 TSK

Аз паси Ӯ мардуми бисёре рафтанд, зеро онҳо мӯъҷизаҳои Ӯро дар шифо додани беморон диданд.

John 6:26 TSK

Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки шумо Маро на аз барои он ки мӯъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки аз барои он ки то сер шудан нон хӯрдед!

вале Ман ба хотири шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем».

¶ Ишаъё барои он чунин гуфта буд, ки шӯҳрату ҷалоли Исоро дид ва дар бораи Ӯ сухан гуфт.

Инчунин ҳар чиро, ки аз номи Ман талаб кунед, Ман иҷро мекунам, то ки шӯҳрату ҷалоли Падар дар Писар намоён гардад.

¶ Ман ин суханонро ба шумое, ки ба Писари Худо бовар мекунед, менависам, то донед, ки соҳиби ҳаёти абадӣ ҳастед.