¶ Чун шариатдонон ва сардорони рӯҳонӣ ин суханонро шуниданд, роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд.
TSK
TSK · John 7:30
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ Ӯ ҳар рӯз дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим медод. Сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва раисони халқи Исроил бошанд, дар фикри куштани Ӯ буданд.
Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар Хонаи Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Ҳоло бошад, даври шумо, яъне вақти ҳукмронии зулмот фаро расидааст».
Шумо ба ин ид равед, вале Ман намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз нарасидааст».
¶ Фарисиён дар байни мардум пичир-пичиркунон дар бораи Исо гуфтани чунин чизҳоро шуниданд. Баъд онҳо ва сардорони рӯҳонӣ барои дастгир кардани Исо посбонони Хонаи Худоро фиристоданд.
Ин суханонро Ӯ ҳангоми дар назди хазинаи Хонаи Худо таълим додан гуфта буд. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд.
Он гоҳ онҳо барои сангсор кардани Ӯ санг гирифтанд, вале Исо худро пинҳон карда, аз Хонаи Худо баромада рафт.
¶ Яҳудиён боз барои сангсор кардани Ӯ санг бардоштанд.
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар як рӯз аз дувоздаҳ соат иборат нест? Касоне, ки рӯзона роҳ мераванд, пешпо намехӯранд, чунки рӯшноии ин ҷаҳонро мебинанд.