Аз одамон эҳтиёт шавед, чунки онҳо шуморо дастгир карда, назди шӯрои калонҳо мебаранд ва дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд.
TSK
TSK · Mark 13:9
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба дасти марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
Агар дар он ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо биравед ва чанги он ҷойро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».
Вале агар шуморо дар ҷое қабул накунанд, аз он шаҳр берун биравед ва чанги он шаҳрро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».
Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест“. Пас, агар Маро барои азоб додан дунболагирӣ карда бошанд, шуморо низ дунболагирӣ мекунанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд.