Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт.
TSK
TSK · Mark 10:52
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад.
Исо ба ин ҷавоби ӯ гуфт: «Имонат бениҳоят боқувват будааст, хоҳар! Он чи мехостӣ бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт.
Вай назди бемор омад ва аз дасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби бемор паст шуд ва ӯ машғули меҳмоннавозӣ гардид.
Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид.
ва якчанд зан, ки аз рӯҳҳои нопок ва бемориҳо шифо ёфта буданд, ҳамроҳӣ мекарданд. Яке аз он занҳо Марям буд, ки Маҷдалия номида мешуду аз ӯ ҳафт дев берун рафта буд.
То Ман дар ҷаҳон ҳастам, Ман нури ҷаҳонам».
Исо гуфт: «Ман ба ин ҷаҳон барои доварӣ омадам, то онҳое, ки кӯр ҳастанд, бино шаванд ва онҳое, ки мебинанд, кӯр шаванд».