TSK

TSK · Mark 9:17

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Сипас ба назди Исо марди девонаеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш кӯр ва гунг буд. Исо вайро шифо бахшид ва ӯ ҳам гап зада ва ҳам дида метавонистагӣ шуд.

Mark 5:23 TSK

Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки биёед ва дастатонро бар ӯ бигузоред, то шифо ёбаду зинда монад».

Mark 9:25 TSK

¶ Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!»

Luke 9:38 TSK

Ногаҳон марде аз миёни мардум фарёд зад: «Устод! Аз Шумо илтимос мекунам, ки ба писарам як назар андозед, зеро ӯ фарзанди ягонаи ман аст.

John 4:47 TSK

Ин амалдор аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад.