TSK

TSK · Matthew 13:22

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Ҳеҷ кас якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул.

¶ Боре як мард пеши Исо омада, аз ӯ пурсид: «Устод, барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ некие бояд кунам?»

¶ Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонаш гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст».

Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна ҳирсу чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз зиёдатии бойигариаш иборат нест».

Шумо ғам хӯрда, аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед.

Исо ба вай нигоҳ карда гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст.

¶ Ба ин дунё ва ба ҳар он чӣ, ки дар он аст, дил набандед. Касе, ки ба ин дунё дил мебандад, муҳаббати Худо дар вай нест.