TSK

TSK · Matthew 26:39

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Исо ба писарони зан гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, шумо нӯшида метавонед?» «Метавонем», — ҷавоб доданд онҳо.

¶ Бори дигар Вай каме дуртар рафта дуо кард: «Падарҷонам, агар ғайр аз косаи азобро нӯшидан бароям дигар илоҷе набошад, пас, бигзор иродаи Ту иҷро шавад».

¶ Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард, ки агар шавад он вақти азоб ба сараш наояд.

Худаш бошад, ба масофаи партофтани санге аз онҳо дур шуд ва ба зону истода дуо кард:

John 6:38 TSK

Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам.

¶ Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва намедонам чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!“, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам!

Исо ба Петрус гуфт, ки шамшерашро ба ғилофаш андозад. Инчунин илова кард: «Наход, ки аз косаи азобе, ки Падарам барои Ман додааст, нанӯшам?»