¶ Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.
TSK
TSK · John 14:6
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.
Ҳамон тавр ки Падар мурдагонро зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад, ҳамчунин Писар, ба ҳар кӣ хоҳад, ҳаёт мебахшад.
Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон поён меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
Чунон ки Маро Падар фиристод, ки Ӯ худ сарчашмаи ҳаёт аст ва Ман ба воситаи Ӯ зиндаам, ҳамчунин, касе ки Маро бихӯрад, ба воситаи Ман зиндагӣ мекунад.
ва ростиро мефаҳмед ва ин ростӣ шуморо озод мекунад».
¶ Инак, Исо боз ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки Ман барои гӯсфандон дарвоза ҳастам.
Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бирабояд.
Пас аз андаке ҷаҳон Маро дигар намебинад, вале шумо Маро хоҳед дид. Азбаски Ман зиндаам, шумо ҳам зинда мешавед.
чунки Ту ихтиёри ҳамаи одамонро ба дасти Ӯ супоридаӣ, то ки Ӯ низ ба ҳамаи касоне, ки ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти абадӣ диҳад.
¶ Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем.
Ҳар кӣ Писарро рад кунад, бо Падар буда наметавонад ва ҳар кӣ Писарро қабул кунад, Падарро ҳам қабул мекунад.
Ин ҳам шаҳодати Худо аст, ки Ӯ ба мо ҳаёти абадӣ бахшидааст ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.
Ҳар кӣ таълимоти Масеҳро иҷро намекунаду аз ҳадду ҳудуди он мебарояд бо Худо нест. Аммо касе, ки дар ин таълимот мемонад, ҳам бо Падар ва ҳам бо Писар мебошад.