Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Ӯ хирманашро тоза карда, гандуми худро ба анбор ҷамъ хоҳад кард, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».
TSK
TSK · John 15:2
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Масали дигаре, ки Вай ба онҳо нақл кард, ин буд: «Подшоҳии Худоро боз чунин тасвир кардан мумкин: Зане каме хамиртуруш мегираду бо як тағора орд омехта, хамир мекунад ва баъд тамоми хамир мерасад».
Воқеан дар сари роҳаш дарахти анҷиреро дида, ба назди он омад. Аммо ба ғайр аз баргҳо дар он ҳеҷ чиз наёфта, ба дарахт гуфт: «Акнун, ту ҳаргиз мева нахоҳӣ дод». Фавран дарахт аз бехаш хушк шуд.
Пас, ба боғбон гуфт: „Се сол боз ман меоям, то аз ин дарахт мевае пайдо бикунам, вале чизе намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?“
Шумо Маро интихоб накардаед, балки Ман шуморо интихоб карда, таъин намудаам, ки рафта мева биёред ва мевае, ки то абад мемонад. Инак, ҳар чи ба номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо бидиҳад.
Гарчанде ки ин шахсон аз байни мо баромада бошанд ҳам, онҳо аъзои мо набуданд, чунки агар аъзои мо мебуданд, ҳамроҳи мо мемонданд. Вале вақте аз мо ҷудо шуданд, маълум карданд, ки ҳеҷ якеашон аъзои мо набуданд.