Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд
TSK
TSK · John 16:28
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Як рӯз пеш аз иди Балогардон Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё рафтан ва ба пеши Падараш баргаштани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд.
Шумо аллакай суханони Маро шунида будед, ки Ман меравам ва ба назди шумо бармегардам, гуфта будам. Агар Маро дӯст медоштед, хурсанд мешудед, ки Ман ба пеши Падар меравам, зеро Падар аз Ман бузургтар аст.
¶ «Баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид».
Ман дигар дар ин ҷаҳон нестам, балки пеши Ту меравам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Муқаддас, бо қудрати номи худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем.