TSK

TSK · John 9:39

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад.

Luke 1:79 TSK

то бар касоне, ки дар торикию сояи марг мешинанд, равшанӣ кунад ва қадамҳои моро ба роҳи сулҳу осоиштагӣ ҳидоят намояд».

Luke 4:18 TSK

«Рӯҳи Худованд дар Ман аст, зеро Ӯ Маро таъин намудааст, ки ба бенавоён хушхабарро бирасонам. Ӯ Маро фиристодааст, то озодии асирон, бино шудани кӯрон ва раҳоии ситамдидагону

Чашм чароғи бадан аст. Чун чашм солим аст, бадани одам пур аз равшанӣ мегардад, вале агар солим набошад, одамро торикӣ фаро мегирад.

John 3:17 TSK

Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.

John 5:22 TSK

Зеро Падар ҳеҷ касро ҳукм намекунад, балки ҳукм карданро пурра ба Писар супоридааст,

John 8:15 TSK

Шумо аз рӯи меъёри инсонӣ ҳукм мекунед, аммо Ман ҳеҷ касро ҳукм намекунам.

John 9:36 TSK

Ӯ ҷавоб дод: «Хоҷа, ба ман бигӯ, ки Ӯ кист, то ба Ӯ имон оварам».

Ман ҳамчун равшанӣ ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.

Аммо касе, ки ба як бародар нафрат дорад, дар торикист. Вай бо роҳи торикӣ равона асту роҳи мерафтаашро намедонад, чунки торикӣ чашмонашро кӯр сохтааст.