TSK

TSK · Mark 8:35

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

«Ҳамаи дарбориён ва мардуми тамоми вилоятҳо медонанд, ки ба қисми дарунии қасри подшоҳ бе даъват даромадан манъ аст. Хоҳ мард бошад, хоҳ зан, агар бе даъвати шоҳ ба наздаш дарояд, мувофиқи қонун кушта хоҳад шуд. Танҳо дар як ҳолат зинда мондан мумкин, ба шарте ки шоҳ асои тиллоияшро сӯйи шахси даъватнашуда дароз кунад. Маро бошад, шоҳ ба наздаш сӣ рӯз боз даъват накардааст».

Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале агар шумо то ба охир расидани азобу уқубатҳо ба Ман вафодор монед, наҷот хоҳед ёфт.

Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, ҳаёти абадӣ ба даст меоварад.

Luke 6:22 TSK

¶ Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Фарзанди Инсон аз шумо нафрат мекунанд, шуморо аз байнашон меронанд, дашном медиҳанд ва номатонро ба бадӣ бароварда аз шумо рӯй мегардонанд.

Ҳар кӣ ҷони худро эмин нигоҳ доштанӣ аст, онро аз даст медиҳад ва ҳар кӣ ҷони худро фидо кунад, онро эмин нигоҳ хоҳад дошт.

Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест“. Пас, агар Маро барои азоб додан дунболагирӣ карда бошанд, шуморо низ дунболагирӣ мекунанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд.