¶ Ҳанӯз он ду мард дур нарафта, якчанд кас ба пеши Исо мардеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш, гунг буд.
TSK
TSK · Mark 9:25
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Бачаро гирифта ба наздаш оварданд ва Ӯ ба дев фармон дод, ки аз бача берун барояд. Дев берун баромад ва бача худи ҳамон лаҳза сиҳат гашт.
7–8 Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»
Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд. Дев мардро дар пеши назари ҳама ба замин партофт ва ба он мард ҳеҷ зараре нарасонда, аз вай берун баромад.
Ӯ инро гуфт, чунки Исо аллакай ба рӯҳи нопок фармон дода буд, ки аз он мард берун барояд. Дар гузашта дев чандин бор ба он мард ҳамла меовард ва ҳарчанд девонаро асир намуда, бо занҷиру бандҳо мебастанд, мард онҳоро пора-пора мекард ва дев ӯро ба биёбон мебурд.
¶ Боре Исо деви як мардро берун кард. Ин дев, деви гунгӣ буд ва вақте ки ӯ берун баромад, марди гунг ба гап даромаду мардум ба ҳайрат афтоданд.
Ҳол он ки ҳатто фариштаи бузург Микоил чун бо иблис дар бораи ҷасади Мусо пайғамбар баҳс мекард, ба худ раво надид, ки ӯро бо дашном ҳукм намояд. Ӯ ба иблис танҳо гуфт, ки бигзор Худованд сазои туро диҳад.