TSK

TSK · John 13:1

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

Сипас назди шогирдонаш баргашта гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Ана вақту соати он ҳам расид, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад.

Mark 14:1 TSK

¶ То иди Балогардон ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон роҳи бо ҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд.

Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ бигӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ девҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам.

Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар Хонаи Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Ҳоло бошад, даври шумо, яъне вақти ҳукмронии зулмот фаро расидааст».

John 7:6 TSK

«Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст, — ҷавоб дод ба онҳо Исо, — барои шумо ҳар вақт хуб аст.

John 8:20 TSK

Ин суханонро Ӯ ҳангоми дар назди хазинаи Хонаи Худо таълим додан гуфта буд. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд.

¶ Иди Балогардони яҳудиён наздик мешуд ва аз гӯшаву канори мамлакат мардуми зиёд ба Ерусалим равона шуданд, то пеш аз сар шудани ид расму таомули покшавиро ба ҷо оваранд.

Шумо аллакай суханони Маро шунида будед, ки Ман меравам ва ба назди шумо бармегардам, гуфта будам. Агар Маро дӯст медоштед, хурсанд мешудед, ки Ман ба пеши Падар меравам, зеро Падар аз Ман бузургтар аст.

Аз он муҳаббате, ки кас ҷонашро барои дӯстонаш фидо мекунад, муҳаббати бузургтаре нест.

Ман аз ҷониби Падар ба ин ҷаҳон омадаам ва боз ин ҷаҳонро тарк карда, ба назди Ӯ меравам».

John 17:5 TSK

Акнун, эй Падар, он шӯҳрату ҷалолеро, ки пеш аз пайдоиши олам дар назди Ту доштам, ба Ман бидеҳ.

Вале акнун Ман назди Ту меравам ва ин чизҳоро ҳанӯз ки дар ин ҷаҳон ҳастам, мегӯям, то шодии Ман дар онҳо пурра шавад.

Ман ба онҳо Туро ошкор кардам ва боз ҳам ошкор мекунам, то он муҳаббате, ки Ту нисбат ба Ман дорӣ, дар онҳо низ бошад ва Ман ҳам дар онҳо бошам».