TSK

TSK · Mark 11:18

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бо дидани мӯъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани доди кӯдакон, ки дар Хонаи Худо «Шаъну шараф ба Насли Довуд!» мегуфтанд, ба ғазаб омаданд.

¶ Сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён масалҳои Исоро шунида, фаҳмиданд, ки Вай дар бораи онҳо нақл карда истодааст.

Mark 1:22 TSK

Мардум аз таълими Ӯ қоил монданд, чунки Ӯ бо қудрат таълим медод, ки шариатдонон ин тавр набуданд.

Mark 6:20 TSK

чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онҳоро гӯш кардан барояш маъқул буд.

¶ Азбаски роҳбарони халқ фаҳмиданд, ки Исо бо ин масал онҳоро мисол овардааст, хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли худ гузошта рафтанд.

Luke 4:22 TSK

¶ Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?»

¶ Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд.

Аз ҳамон рӯз сар карда, онҳо роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Ӯро фикр карданд.